Иқтисоди Олмон дар 10 соли охир бори аввал коҳиш ёфт


Иқтисоди Олмон, ки дар Аврупо бузургтарин аст, соли гузашта 5 дарсад коҳиш ёфт. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Иқтисоди Олмон 10 сол паиҳам рушд мекард ва соли 2020 зери таъсири пандемия 5 дарсад коҳиш ёфт.
Аммо, иқтисоди Олмон нисбат ба пешбинии мутахассисон камтар зарар дид. Ба гуфтаи мутахассисон, пули захиракардаи аҳолӣ метавонад баъди пандемия боиси афзоиши истеъмол шавад ва иқтисод низ барқарор гардад.
Соли 2020 дар Олмон танҳо соҳаи сохтусозӣ рушд кард. Соҳаҳои хидматрасонӣ ва истеҳсол хеле зарар дид.
Бино ба маълумоти Destatis, ҳаҷми камбуди будҷаи давлатии Олмон 4,8 дарсади маҳсулоти нохолиси дохилӣ (ВВП) буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ