Шаъну шараф ба муҳофизони диловари Ватан!

Дар вилоятамон 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд.
Иштирокдорон нахуст мақбараи Амир Темурро зиёрат карданд, Қуръон тиловати намуданд.
Сипас, намояндагони ҳокимияти вилоят, Қӯмондонии округи марказии ҳарбӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ дар пояи ҳайкали соҳибқирон гулчамбарҳо гузоштанд.
Инчунин, дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҳимоятгарони Ватан дар майдони Кӯксарой паради ҳарбӣ ташкил гардид. Иштирокдорон ҷанги дастӣ ва баромадҳои хизматчиёни ҳарбиро бо аслиҳа бо мароқ тамошо карданд.
Тадбири асосии ҷашн дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд гузаронида шуд. Дар он ҷонишини аввали ҳокими вилояти Самарқанд Ҷ. Ӯроқов ҳозиронро бо ҷашн табрик намуд.
– Ҳама ҳам чунин касби бомасъулиятро интихоб намекунад, либоси ҳарбиро намепӯшад, – гуфт Ҷ. Ӯроқов. – Шахсоне, ки соҳиби чунин касби бошарафанд, барои намоён кардани фазилатҳои инсонӣ, мардонагӣ ва ҷасурӣ, пеш аз ҳама баҳри муносиб шудан ба ин ном ҳаракат мекунанд.
Соли ҷорӣ барои ба таври бошукӯҳ пешвоз гирифтани 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ба фармони Президент аз 18-уми декабри соли 2020 «Дар бораи чорабиниҳо оиди омодагӣ ба ҷашни 29-солагии ташкилёбии Нирӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан» соли ҷорӣ, таҳти шиори «Ҳар кӣ ба Ватан содиқ бошад, ман ҳамон ҳастам!» моҳонаи ватанпарварӣ гузаронида шуд.
Дар доираи моҳона дар шаҳру деҳот, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоаҳои меҳнатии вилоят бо иштироки ҳарбиён, вакилони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ тадбирҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳо гузарониданд.
Дар тадбир эътироф карда шуд, ки дар байни хизматчиёни ҳарбие, ки бо фармони Президент Ш. Мирзиёев аз 12- уми январи соли 2019 «Дар бораи ба муносибати 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва рӯзи ҳимоятгарони Ватан мукофотонидани гурӯҳи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» ҳарбиёни самарқандӣ низ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Сурудҳои дилкаш дар васфи Ватан, Истиқлол, меҳру муҳаббат, дӯстӣ, ки аз тарафи оркестри ҳарбӣ ва сарояндагони самарқандӣ пешкаш гардид, тадбирро шукӯҳи идона бахшид. Дар тадбир ҷонишини раиси Хизмати бехатарии давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А. Усмонов иштирок кард. Ҳамон рӯз дар базмгоҳи «Садаф»-и шаҳри Самарқанд қабули тантанавори ҳокими вилоят барои ҳарбиён барпо карда шуд.

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ