Андешаҳои танҳоӣ

Зиндагӣ маҷмӯи ҳаёту фаъолияти инсонҳост. Зиндагиро одамон бо тарозуи худ баркашида, шебу фарозиҳои онро гоҳ пиёдаву гоҳ савора тай мекунанд.
Аммо ҳаёт ҳама вақт ҳам хоҳишу иродаи инсонро тарафдор нест. Вай қонуну қоидаҳои худро дорост, ки инсон пеши он лол мемонад.


Сухани ихчаму зебо ба сони зочаи кӯдаконест, ки аз дастони пурэъҷози суфтагаре рехта шудааст. Зочаи суфтаро боз суфтатар метавон кард.
Аммо сухани ихчаму зеборо наметавон суфтаву таҳрир кард.


Чашм кушода ба дунё омадем, ки зиндагӣ кунем. Ба дунё омадем, ки онро бо нуру сафои худ нерӯи тоза бахшем, омадем, ки чун дигар ҷонзотҳои табиат аз худ насле бигузорем, ба умеди он, ки эшон ояндаамон бошанду кору фаъолиятамонро давом диҳанд.
Аммо афсус, ки дар рӯйи замин нафароне ҳастанд, ки 70–80 сол мезиянду то ба ҳол намедонанд, ки ба дунё барои чӣ омадаанду чаро рафта истодаанд?


Даҳон қолиб асту суханамон хишт. Кӯшиш ба харҷ барем, то сухани суфтаву зебоямон аз қолаби даҳон хуштарҳ бирезад. Аммо тарсем аз он, ки сухани ноҷояамон боиси бурида гаштани забонамон нагардад.


Магӯ, ки як умр хомӯш зиндагӣ кардам. Хомӯшиам фарёд аст, фарёде, ки зиндагӣ кардан бо он гуворост.


Ин чӣ муаммоест: туро гум карда будам чун хоби ширинам. Вале акнун дар хоби ширинам гоҳ-­гоҳе пайдо мешавӣ.


Кӯдак баробари таваллуд шудан чашм мекушояд. Ҳарчанд ӯ чанд муддат чизеро намебинад, вале ширинии ҳаётро дар бағали модар дарк мекунад.


Агар кӯдакиам аз нав бармегашт, танҳо аллаи модар мехос­там. Фақат аллаву бӯйи модар мехоҳам.


Аз тамоми мавҷудотҳои рӯйи дунё фақат Инсон бошууртарин ва боақлтарин аст. Фақат Инсон метавонад эҷоду эъҷоз кунад, фақат Инсон сабабгори тамоми бунёдкориҳост, тамоми нозу неъматҳои дунё маҳсули дастони мӯъҷизакори ӯст. Ҳатто кашфи коинот ҳам дар дасти мост.
Ҳамаи ин хуб аст. Аммо …
Аммо аз мавҷудотҳои рӯи дунё бераҳму бешафқаттаринаш ҳам Инсон аст…


Дарахти сарв аз пеши ҳамҷинсаш – маҷнунбед гузашта истода, масхараомез таъна задааст:
– Ман барин болою бовиқор зиндагӣ кунӣ, намешавад?
Маҷнунбед дар зери бори хиҷолат монда, оҳиста ғурунгос задааст:
– Ин айби ман не. Пашму қасаби маро чунин сохтаанд. Боз мегӯянд: «Сари хамро ҳатто шамшер намебуррад.»
Рӯзи дигар деҳқон аз сабаби набудани ҳезумаш ба танаи сарв табар зад.

Солеҳ Саид МУРОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ