Беҳтарин дарвозабонони даҳсолаи охир эълон шуданд


Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) феҳристи беҳтарин дарвозабонони даҳ соли охирро мунташир кард.
Мануэл Нойер, дарвозабони ҷамоаи “Бавария”-и Мюнхен ва тими миллии Олмон беҳтарин дарвозабони даҳсолаи охир эътироф шуд. Ӯ дар ин муддат дар мусобиқаҳои Ҷоми Ҷаҳон, Ҷоми Лигаи қаҳрамонони Аврупо, Ҷоми ҷаҳон дар миёни ҷамоаҳо, Суперҷоми Аврупо, Бундеслига, Ҷоми Олмон ва Суперҷоми Олмон чандин бор ғолиб шуд.
Ҷанлуиҷи Буффон, дарвозабони “Ювентус” ва тими миллии Италия сазовори ҷойи дувум ва Тибо Куртуа, дарвозабони “Реал”-и Мадрид ва тими миллии Белгия сазовори ҷойи савум шуданд.
Даҳгонаи аввали дарвозабонони даҳсолаи охир ба ин тартиб аст:

  1. Мануэл Нойер («Бавария», Олмон)
  2. Ҷанлуиҷи Буффон («Ювентус» Италия)
  3. Тибо Куртуа («Реал», Белгия)
  4. Уго Лорис («Тоттенҳэм», Фаронса)
  5. Кейлор Навас («ПСҶ», Коста-Рика)
  6. Ян Облак («Атлетико», Словения)
  7. Петр Чех («Челси», Чехия)
  8. Марк-Андре тер Штеген («Барселона», Олмон)
  9. Давид Де Хеа («Манчестер Юнайтед», Испания)
  10. Икер Касиляс («Реал», Испания)
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ