Дар Амрико охирин ҳукми қатлро иҷро карданд

Дирӯз дар Амрико сездаҳумин ва охирин ҳукми қатлро ро дар замони маъмурияти президент Доналд Трамп иҷро карданд.
Дастин Ҳигз ба қатли се зан дар соли 1996 дар Мериленд гунаҳкор буд. Эъдоми ӯ чанд рӯз пеш аз маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури мунтахаб Ҷо Байден сурат гирифт. Интизор меравад, ки Байден эъдомҳои федеролро мутаваққиф кунад.
Иҷрои эъдомҳои федеролро ба муддати 17 сол боздошта буданд, аммо соли гузашта Доналд Трамп дастури азсаргирии онҳоро содир кард.
Лиза Монтгомери аввалин зане буд, ки дар тақрибан 70 соли гузашта рӯзи 13-уми январ дар Амрико эъдом шуд. Ӯро ба куштани як зани ҳомила ва буридани тифли батнаш айбдор карданд.

pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ