Метеорологҳо: давраи аз соли 2011 то 2020 дар таърих гармтарин даҳсола буд

Соли 2020 дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ яке аз се соли гармтарин буд. Ва ҳатто падидаи табиии Ла-Ниня, ки одатан сардшавии назаррас ба бор меорад, вазъро ба таври куллӣ дигар накард. Тавре хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши нави Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (СУМ), ки 14 январ нашр шуд, гуфта мешавад.
Маълумоти СУМ бо хулосаҳои НАСА, Раёсати миллии тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи ИМА ва Хадамоти метеорологии Британия, ки дирӯз низ нашр шуданд, мувофиқат мекунанд.
Метеорологҳо гузориш медиҳанд, ки давраи аз соли 2011 то 2020 дар таърих гармтарин даҳсола буд. Солҳои аз 2015 то 2020 шаш давраи гармтарин буданд. Дар ин қатор, соли 2016, ки падидаи табиии Эл-Нино боиси гармӣ шуд, дар ҷои аввал, соли 2019 дар ҷои дуюм ва соли 2020 дар ҷои сеюм қарор гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, нишондиҳандаҳои миёнаи солонаи ҳарорат дар се соли охир аз ҳамдигар кам фарқ мекарданд.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки ҳарорати миёна тайи 12 моҳи охир «тақрибан 14,9 дараҷа буд, ки нисбат ба сатҳи давраи пеш аз саноатӣ (1850-1900) 1,2 дараҷа (гарм ё хунук 0,1 дараҷа) зиёдтар аст».
«Бениҳоят аҷиб аст, вақте мо шоҳиди падидаҳои шадиди гармшавӣ дар таърихи Эл-Нино, ки боис ба гармӣ мегарданд, будем, соли 2020 тақрибан ба соли 2016 шабеҳ буд. Ин нишонаи равшани он аст, тағирёбии иқлим, ки аз ҷониби инсон ба вуҷуд омадааст, ҳоло бо қувваҳои табиат дар як сатҳ қарор дорад», — гуфт роҳбари СУМ Петтери Таалас.
Натиҷаҳои мушоҳида ба хулосае оварданд, ки тайғирёбии иқлими аз ҷониби инсон бавуҷудомада имрӯз ҳамчун падидаҳои табиӣ хеле боқудратанд, ки метавонанд ба ҳарорати ҳаво таъсир расонанд.
Дабири кулли СММ Антонио Гутеррес дар навбати худ таъкид кардааст, ки инсоният «дар ин аср болоравии фалокатбори ҳарорат то 3-5 дараҷаро аз сар хоҳад гузаронд». Ба гуфтаи ӯ, сулҳ бо табиат муайянкунандаи вазифаҳои асри 21 мебошад ва барои ҳар нафар бояд афзалияти аввалиндараҷа дошта бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ