Мушовирони Байден музокираҳоро бо Эрон оғоз карданд


Мушовирони Ҷозеф Байден, раисҷумҳури нави ИМА бо намояндагони Эрон музокираҳоро бобати барқарор кардани созишномае, ки Трамп бекор карда буд, оғоз карданд. Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар доданд.
Намояндагони расмии ИМА чанд рӯз пеш аз маросими савганд ёд кардани Байден эълон карданд, ки музокираҳо бо Теҳрон оғоз шуд.
Исроил мехоҳад созишномаи нав ба манофеъи ӯ низ хидмат кунад, яъне дар созишнома маҳдудсозии барномаи мушакҳои баллистикии Эрон низ сабт гардад.
Ёдовар мешавем, Эрон ва ИМА соли 2015 дар мавриди масъалаҳои атомӣ созишнома имзо карда буданд. Аммо Трамп соли 2015 эълон кард, ки ин созишнома бар зидди манофеъи Вашингтон аст ва ИМА аз он хориҷ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ