Баъди бозсозии мактаби рақами 71-и шаҳр барои таҳсили 510 нафари нав имкон пайдо шуд


Мактаби таълими умумии рақами 71-и шаҳри Самарқанд бозсозӣ шуд. Дар ин бора маркази матбуотии шӯъбаи таълими халқи вилоят хабар дод.
Пеш дар мактаб 240 нафар таҳсил мегирифтанд. Акнун, баъди бозсозӣ дар мактаб барои 510 нафар донишомӯзи иловагӣ имкони таҳсил пайдо шуд. Ҳамчунин, барои донишомӯзон толори варзишии нав сохтанд.
20-то синфи мактаб бо миз ва курсиҳои дарсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, биология ва синфҳои забони хориҷӣ ва рассомӣ комилан то таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Илова бар ин, мактаб соҳиби 2-то тахтаи синфи интерактивӣ шуд.
Таъмин кардани мактаб бо компютерҳо ва таҷҳизоти варзишӣ низ дар назар гирифта шудааст.
Бо ин ҳол, мактабе, ки қаблан 240 донишомӯз дар он дар 2-3 навбат таҳсил мегирифтанд, ҳоло барои таълиму тарбия 750 нафар омода аст.
Имрӯз дар мактаби рақами 71 658 нафар таҳсил мегиранд ва ҳамаи онҳо бо шароитҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ