Австрия муҳлати карантинро то 7 феврал дароз мекунад


Ҳукумати Австрия то 7 феврал идома додани карантинро барномарезӣ мекунад. Дар ин бора агентии АРА хабар дод.
Бино ба маълумоти рӯзноманигорон, маҳдудиятҳо чанд ҳафтаи дига идома меёбад ва баъди 7 феврал тадриҷан онҳоро бекор мекунанд.
Баъди карантин пеш аз ҳама мактаб, фурӯшгоҳҳо, ширкатҳои хидматрасонӣ ва музейҳо фаъолияти худро оғоз мекунанд. Дар мағозаҳо пӯшидани ниқоби тиббӣ маҷбурӣ мегардад. Ҳамчунин фосилаи думетрии иҷтимоӣ низ ҷорӣ мешавад. Ошхонаву ресторанҳо ва меҳмонхонаҳо то поёни феврал таътил хоҳанд дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ