Ҷазоир “Спутик V”-ро ҳачун ваксинаи самарбахш ва бехатар эътироф кард


Ҷамол Фурор, намояндаи расмии кумитаи назорати коронавирус дар Ҷазоир ваксинаи “Спутник V”-и Русияро доруи самарбахш ва бехатар эътироф кард.
Ҷамол Фурор рӯзи 18 январ дар мусоҳибаи шабакаи радиоии Chaine 2 гуфт, ки Ҷазоир то поёни моҳи январ аз Русия 500 ҳазор доза ваксина харид хоҳад кард. Ҳоло дар ин кишвар 8 ҳазор маркази ваксиназанӣ ба кор омодаанд ва дар сурати зарурӣ шумори онҳо зиёд хоҳад шуд.
Ҳукумати Ҷазоир тақрибан 60-70 дарсади аҳолии худро бар зидди коронавирус эм хоҳад кард. Кӯдакон эм намешаванд.
Ҷазоир ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони ваксина дар Чин низ музокираҳоро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, Ҷазоир нахустин кишвари африқоӣ аст, ки ваксинаи “Спутник V”-и Русияро ба сурати расмӣ сабт кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ