Роҳбари Samsung ба муддати 2,5 сол ҳабс шуд


Ли Чжэ Ён, раиси ширкати Samsung Group ба муҳлати 2,5 сол маҳкуми ҳабс шуд. Гуфта мешавад, ки ӯ барои назорати комили ширкат аз ҳукумат ёрӣ хостааст ва ба Пак Кин Хе, раисҷумҳури собиқи Кореяи Ҷанубӣ 29,8 миллиард вон (27,4 миллион доллар) пора додааст.
Бино ба хабари Yonhap, пораро Чхве Сун Сил, яке аз наздикони раисҷумҳури собиқ гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ин моҷаро соли 2017 боиси импичменти Пак Кин Хе шуда буд.
Ли Чжэ Ён писари раиси собиқи ширкат – Ли Гон Хин ва набераи Ли Бён Чхол, асосгузори Samsung мебошад.
Додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ соли 2017 ӯро ба муҳлати 5 сол маҳкум ба ҳабс карда буд. Аммо, дертар муддати ҳабси ӯ ду баробар коҳиш ёфт ва баъдан бо ивази ҷазо ӯ озод шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ