Маориф

Китобхона дар ҳокимияти вилоят

Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд бо мақсади тарғиби мутолиаи китоб, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва пурмазмун ташкил кардани вақти кормандон китобхонаи ҳокимият ташкил карда шуд.
Беш аз 300 адад асарҳои беҳтарини адабиёти ӯзбек ва ҷаҳон, китобҳои таърихӣ ва дигар асарҳо оиди идораи давлатдории китобхона акнун дар ихтиёри кормандон аст.
– Бо ташаббуси Сарвари давлатамон ба масъалаи тарғиби мутолиаи китоб эътибори алоҳида дода мешавад ва дар ин самт аллакай чанд ҳуҷҷати меъёрӣ низ қабул гардид, – гуфт сарвари Садорати корҳои ҳокимияти вилоят Беҳзод Раҳматуллоев. – Бо мақсади дар амал таъмин кардани иҷрои онҳо дар корхонаву ташкилотҳо чорабиниҳои зарурӣ иҷро мешаванд, ки дар ҳокимияти вилоят ташкил гардидани китобхона исботи амалии он аст. Дар ҳокимият мо кормандони масъул ба худ шиоре дорем, ки китоб манбаи некӯӣ ва китобхона хазинаи накӯкорӣ мебошад. Ҳар инсоне, ки китоб мехонад, маънан бой гардида, ба ягон инсон бадӣ намекунад ва ҳамеша ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунад.
Инчунин, дар китобхона бастаи рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои вилоят бо тартиб гузошта шудааст, ки ҳар як вакили ҳокимияти вилоят метавонад аз онҳо истифода барад.
– Китобхона аз соати ҳашти субҳ то соати даҳи шаб кор мекунад, – гуфт масъули китобхона Тӯлқин Давруков. – Пештар китобҳоро ба муддати як моҳ барои мутолиа медодем. Ҳоло ба мӯҳлати 15 рӯз тақдим карда мешаванд. Дар анҷоми ҳар моҳ беҳтарин китобхонҳо муайян ва рағбатнок карда мешаванд.

Фаридун ЮЛДОШЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ