Обу ҳавои ҳафта чӣ хел мешавад?

Мувофиқи маълумоти обуҳавосанҷии «Ӯзгидромет» имрӯз дар мамлакатамон ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Фақат дар доманакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо эҳтимоли бориши борон аст. Ҳарорати ҳаво назар ба қимати гармии солона 8 -10 дараҷа баланд мебошад.

Санаи 19 -уми январ дар қисми зиёди мамлакатамон обу ҳавои бебориш буда, дар Қорақалпоқистон ва дар баъзе қисми вилоятҳои Хоразм, Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё боридани борон дар назар аст. Санаи 20 -уми январ дар Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм борон борида ба барф мубаддал мешавад. Дар вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Тошканд шабона ва пагоҳӣ дар баъзе ҷойҳои он борон меборад. Дар баъзе ҳудудҳои мамлакатамон боронгарӣ пешбинӣ шудааст.

Санаи 21 -уми январ дар бисёр ҳудудҳои мамлакатамон боронгарӣ мушоҳида намешавад. Дар Қорақалпоқистон ва вилояти Хоразм барф меборад, дар баъзе қисмҳои вилояти Навоӣ, Бухоро шабона эҳтимоли боридани борон аст. Санаи 22 -юми январ вазъи обу ҳаво дигар мешавад. Чунки бо сабаби дигар шудани антисиклон ба ҳудуди мамлакатамон ҳавои хунук ҳукмрон мешавад. Ҳавои намнок аз ҳудуди Волга вориди кишвари мо мегардад. Дар тамоми мамлакатамон барф борида, фақат дар ҳудудҳои шимолии мамлакат боронгарӣ дида намешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва 3 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Санаи 23 -юм антисиклон тамоми мамлакатро иҳота карда, эҳтимоли бориш кам гашта, лекин ҳаво бисёр хунук мешавад. Ҳаво шабона -5 -10 дараҷа хунук, рӯзона -2 ва +3 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ