Стратегияи миллии мубориза бо коррупсия таҳия мешавад


Ӯзбекистон барои таҳкими мубориза бо коррупсия иқдоми навро амалӣ мекунад.
Бар асоси лоиҳаи дастури давлатии 2021, имсол стратегияи миллии мубориза бо коррупсия барои солҳои 2021-2025 таҳия мешавад.
Ҳамчунин, нақшаи самтҳои асосии мубориза бо коррупсия ва чораҷӯиҳо, такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти агентии мубориза бо коррупсия барномарезӣ шудааст.
Эҷоди асосҳои ҳуқуқии системаи назорати дохилии мубориза бо коррупсия (назорати комплаенсӣ), такмили воситаҳои мубориза бо коррупсия низ дар лоиҳаи дастури давлатӣ барои соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ