Дар бораи ҷойҳои холии кории воқеъ дар минтақаҳои дурдаст дар веб-сайтҳои расмӣ маълумот ҷойгир карда мешавад

Қарори ҳокими вилоят аз 16-уми январи соли 2021 “Дар бораи таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 11-уми январи соли 2021 “Дар бораи чораҳо оид ба ҷалби мутахассисони ихтисоснок ба ташкилотҳои буҷетии маҳалҳои дурдаст” таҳти рақами ҚП-4940” имзо гардид.
Мувофиқи қарор ба ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ҷ.Ӯроқов), сарвари Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят (И.Ҷабборов) ва ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо вазифаи:

  • бинобар ҷамъбасти ҳар моҳ, то рӯзи 5-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботӣ, дар веб-сайтҳои расмии худ дар бораи ҷойҳои холии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва (ё) кормандони тиббӣ ташкилотҳои буҷетӣ ва (ё) муассисаҳои тиббии воқеъ дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар маълумот ҷойгир намоянд;
    барои ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба кор дар ташкилотҳои буҷетии дар минтақаҳои душворгузар ҷойгиршуда ва эҳтиёҷ ба кадрҳои дорои маълумоти олӣ дошта бо ташкили вохӯриҳо дар маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти мутахассисони ҷавон андешидани чораҳо супорида шуд.
    Ғайр аз ин, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои сохтмони манзил ба мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва (ё) кормандони тиб, ки барои кор аз минтақаҳои дигар дар ташкилотҳои буҷавӣ ва (ё) муассисаҳои тиббии воқеъ дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар омадаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҳисоби заминҳои захиравӣ қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ