Боҷхоначиёни қароқалпоқистонӣ 556 ҳолати ҳуқуқвайронкуниро аниқ карданд

Дар давоми соли 2020 аз ҷониби Садорати боҷхонаи Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон маҳсулоти баробар ба 352,7 миллион доллари амрикоӣ ба режими экспорт расмӣ гардонида шудааст. 70,2 фоизи гардиши савдои берунаи соҳили Арал, ки 502,1 миллион долларро ташкил менамояд, ба экспорти молҳо рост меояд. — Ин самараи дар мамлакатамон дастгирии корхонаҳои экспорткунанда, имкониятҳои ба онҳо додашудаистода мебошад, — гуфт сарвари Садорати боҷхонаи Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон Олимхон Ҳоҷиматов. — Аз ҳудуди ҷумҳурият асосан маҳсулотҳои полиэтиленӣ, систаи артемия, кунҷут, нахи пахта, решаи «қизилмия» ва экстракти он, ресмон-калоба, содаи калсикунондашуда ва маҳсулоти пӯст ба давлатҳои Хитой, Россия, Туркия, Қазоқистон, Латвия, Украина ва ғайра экспорт шудааст. Маҳсулоти асбобу ускунаҳои технологӣ, саноати кимё, чӯб ва тахта, хоҷагии қишлоқ ва хӯрокворӣ ба арзиши 149 миллиону 375 ҳазор доллари ИМА ба режими импорти боҷхона расмӣ кунонида шудааст. Инчунин, дар давоми соли 2020 аз ҷониби садорат аз пардохти боҷхона ба буҷаи давлатӣ 244 миллиарду 356 миллион сӯм маблағ гузаронда шудааст. Дар давоми соли 2020 аз тарафи боҷхоначиён 556 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аниқ гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ