Саҳрои Кабир барфпӯш шуд


Калонтарин дашти рӯи замин – Саҳрои Кабир имсол бо ҳавои ғайримунтазир рӯбарӯ шуд. Одатан дар моҳи январ дар Саҳрои Кабир ҳарорати ҳаво ҳудуди +12 дараҷа гарм мешуд. Аммо, ин зимистон ҳарорат то дараҷаи минусӣ поин рафт ва барф борид.
Бино ба хабари Кун.уз, аксбардор Карим Бучетата дар сафҳаи худ дар Инстаграм аксҳои саҳрои барфпӯшро гузошт. Ӯ аксҳоро дар даштҳои назди шаҳри Айн Сафраи Ҷазоир ва Табуки шимоли Арабистони Саъудӣ бардоштааст.
Шаҳри Айн Сафра дар гӯшае аз Саҳрои Кабир ҷойгир аст ва мардум ба он “Дарвозаи саҳро” ном додаанд. Қабл аз ин солҳои 2017 ва 2018 низ дар ин минтақа барф борида буд. Аммо дар миёни солҳои 1980-2016 боре ҳам дар шаҳр барф наборидааст.
Дар Арабистони Саъудӣ ҳарорати ҳаво дар январ, ки сардтарин моҳи сол дар ин кишвар аст, ҳудуди 20 дараҷа мешавад. Шаҳри Табук яке аз минтақаҳои сардтарини Арабистон аст ва рӯзи 10 январ дар шаҳр барф борид.
Мутахассисон мегӯянд, ки бо вуҷуди иқлими хушк ва беоби даштӣ, баъди 15 ҳазор сол Саҳрои Кабир сабзазор мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ