Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Имсол Маркази ахбор-­китобхонаи вилоят ба номи А.С. Пушкин 110-солагии худро ҷашн хоҳад гирифт.
Дар саргаҳи Хиёбони донишгоҳи шаҳр бинои хушсохту зебо диққати ҳама меҳмонону мезбононро ба худ мекашад. Вақти охир иншооти мазкур ба ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст. Зеро ин китобхона ба ҳаводорони илму фарҳанг хизмати шоиста мекунад. Замоне бо ташаббуси бостоншиноси маъруфу маърифатпарвар В.Л. Вяткин ва кӯмаки беғаразонаи полковник Г.А. Брежитский, агроном Й.Н. Грушанский, М. Волнев ва дигарон дар шаҳри Самарқанд китобхонаи мазкур фаъолияти хешро оғоз намуда буд.
Вале барои умри дубора бахшидану маълуму машҳуртар шудани китобхона хизмати директор, зани ташаббускору навовар Шаҳодат Аҳмадова ниҳоят калон аст. Бояд таъкид намуд, ки Шаҳодат Баҳриевна солҳои таҳсил дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд тез-­тез ба ин китобхона омада, аз хизмати беминнати ходимон баҳра мебурд. Ин муҳаббат ба адабиёт ва таърих буд, ки ӯро аввал дар китобхонаи асосии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва сипас 25 сол пеш ба Маркази ахбор-­китобхонаи вилоят ба номи А.С. Пушкин ба ҳайси директор овард. Маҳз бо ғайрату ташаббускории ӯ корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд.
– Қарори сарвари давлатамон оид ба такмил додани хизмати ахбор – китобхонаҳо ба аҳолӣ айни муддао гардид, – гуфт Шаҳодат Баҳриевна, – Бинобар ин, мо лоиҳаи таъмири биноро таҳия намудем ва дар ин даргоҳи муқаддас корҳои таъмир ва тармими шаш миллиарду 320 миллион сӯмина амалӣ гардид. Бовар кунед, чунин шуд, ки камина як муддат ҳам роҳбар будаму ҳам бинокор.
Барои дар руҳи замон ташкил кардани хизмати ахбор – китобхона сафар ба Русия, Украина, ҳафт штати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чехия, Олмония муфид гардид. Дар натиҷаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ китобхонаи мо на танҳо дар Ӯзбекистон, инчунин дар арсаи байналхалқӣ нуфузи хосса дорад.
Пас аз таъмир дар китобхона соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил гардид. Толори маҷлис, қироатхона барои ҷавонон, осорхонаи дастнависҳои қадим, намоишгоҳ барои асарҳои нав, толори истифода аз китобҳои электронӣ, нусхабардорӣ, шӯъбаи маслиҳатдиҳӣ ва ғайра далели фикри мост. Риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ, Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чанд мамлакати Осиё ва Аврупо мустаҳкам гардид. Ҳоло сайти махсуси китобхона – www.libsamarkand.uz» амал мекунад, ки тавассути он аз аудиторияи миллӣ ва ҷаҳон истифода намудан имконпазир аст.
– Шоҳида Баҳриевна, ҳоло дар бойгонии китобхона чӣ миқдор китоб ҳаст? Оё китобҳо бо забони тоҷикӣ низ ҳастанд?
– Дар бойгонии мо беш аз 633 ҳазор китоб мавҷуд аст, ки аз он қариб 500 ҳазор китоби русӣ, беш аз 40 ҳазор адабиёти ӯзбекӣ ва ду ҳазор тоҷикӣ ҳастанд. Чӣ ҷойи руст кардан аст, пас аз ба истиқлол расидани кишварамон ва бо баъзе сабабҳо баста шудани сарҳад бо Тоҷикистони бародарӣ фонди китобҳои тоҷикӣ кам гардид. Хушбахтона, солҳои охир бо ташаббуси сарвари дурандешу башардӯст сарҳадҳо ба давлатҳои ҳамсоя кушода шуд. Умед аст, ки минбаъд аз Тоҷикистон китобҳои тозанашр хоҳем гирифт.
– Дар бораи кормандони худ низ ҳарф мезадед.
– Мо беш аз 50 нафар мутахассиси олимаълумот дорем. Мастура Ҳайитбоева, Муҳаббат Шербекова, Нигора Наҷмиддинова солҳои тӯлонӣ ба маънои том нурбахши маънавияту маърифат ҳастанд. Ҷавонон, аз он ҷумла Насиба Мирзоева, Зарина Ҷунайдова ва дигарон низ ба муштариён хизмати беминнат мерасонанд.
– Сулолаҳои Ахмедоваҳо дар Самарқанд машҳуранд…
– Барои илтифоту эътибор ташаккур! (Мусоҳибам завқ карда механдад).
Фарзандонам дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Аммо набераам Асилбек ҳафт забон – англисӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, хитоӣ, арабӣ, русӣ ва ҳиндиро мукаммал дониста, «Қуръони Карим»-ро ҳифз намудааст. Набераи дигарам Баҳринисо дар факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонад. Аллакай беш аз ҳазор хел китобҳоро хондааст.
– Шумо, Шаҳодат Баҳриевна, роҳбари соҳибтаҷриба, модари меҳрубон, бибиҷони дуогӯй ҳастед. Мехоҳем маслиҳату насиҳати шуморо тавассути рӯзнома ба насли наврас расонем.
– Солҳои таҳсил дар мактаб чанд байти Абдураҳмони Ҷомиро аз ёд карда будам:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Ва модоме, ки хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест ва дар гӯшаи танҳоӣ сад роҳат ҳаст, бояду шояд хаёли хешро ба китоб оварем.
Мӯҳтарам Президентамон ҳар сол ба китобхонаи беҳтарин мошини қиматбаҳо месупоранд. Китобхонаи мо ҳамеша интизори мухлисони асарҳои бадеӣ, ихлосмандони илму адаб ва китобхонҳои беҳтарин мебошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ