Гебрейесус: ҷаҳон дар лаби ҷарии фалокатбори суқути ахлоқӣ қарор дорад

Дастрасии нобаробар ба ваксинаҳои зидди коронавируси COVID-19 дар байни кишварҳои дорои сатҳи баланд ва пасти даромад кӯшишҳоро дар самти мубориза бо пандемия бар бод медиҳад. Тавре Хадамоти ахбори СММ хабар дод, ин андешаро Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус 18 январ дар иҷлосияи Шӯрои иҷроияи СУТ баён кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон бо хатари воқеии ин рӯ ба рӯ мешавад, ки ваксинаҳо «санги дигаре дар девори нобаробарӣ байни дороҳо ва нодорҳои ҷаҳон» мешаванд.
Гебрейесус мӯътақид аст, ки тасмими кишварҳо дар мавриди дар қадами аввал эм намудани кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон — дуруст аст. Аммо, иштибоҳ дар ин аст, ки одамони ҷавон ва солим дар кишварҳои сарватманд нисбат ба духтурон ва одамони калонсоли кишварҳои камбизоат пештар бо ваксинаи зидди коронавирус эм карда мешаванд.
То имрӯз «зиёда аз 39 миллион вояи ваксина ба сокинони ҳадди аққал 49 кишвари дорои сатҳи баланди даромад гузаронида шудааст» ва ин дар ҳолест, ки «танҳо яке аз кишварҳои дорои сатҳи камтарини даромад 25 воя гирифтааст». «На 25 миллион, на 25 ҳазор, балки ҳамагӣ 25-то», — гуфт Гебрейесус.
Роҳбари СУТ илова кард, ки ҷаҳон «дар лаби ҷарии фалокатбори суқути ахлоқӣ қарор дорад», ки қимати он ҷонҳои инсонӣ хоҳад буд.
Қаблан, СУТ бо дарназардошти раванди паҳншавии уфунат эҳтимоли душвортар омадани соли дуюми пандемияро нисбат ба соли аввали он истисно накарда буд ва пешгӯӣ намуда буд, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус метавонад дар як ҳафта ба 100 ҳазор тан бирасад.
11 январ хабар дода шуд, ки зиёда аз 40 кишвар эмгузарониро шурӯъ намудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ