Аз 29 январ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро ба Тошканд барқарор менамояд

Аз 29 январи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе аз нав оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба-рӯзҳои ҷумъа ба роҳ монда мешаванд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуотии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба Тошканд доранд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошад (дастхат набошад) ва аз ҷониби лабораторияе, ки дар давлати хуруҷ аккредитатсия дорад, бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Кӯдакони то 12-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19 доранд ва ашхосе, ки натиҷаи санҷиши ПСР-тесташон мусбат мебошад, ба парвоз роҳ дода намешаванд.
Тибқи Қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии кишварамон, то 1-уми феврали соли 2021 парвозҳои байналмилалӣ бо Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қатъ карда шуданд. Шаҳрвандони муқими ин кишварҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар тӯли 14 рӯзи охир дар ин кишварҳо буданд, иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надоранд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон ворид мешаванду давоми 14 рӯзи охир дар Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ буданд, пас аз вуруд ба Ӯзбекистон дар маҷмааи муваққатии карантинӣ ё меҳмонхонаи марбута давоми 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд.
Ҳамаи мусофироне, ки ба кишварамон ворид мешаванд, бояд барои муайян кардани сирояти коронавирус тавассути экспресс-тест аз ташхис гузаранд. Экспресс-тест дар фурудгоҳи Тошканд аз ҳисоби мусофирон гузаронида мешавад. Мусофироне, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, барои табобат ба беморхона равон карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ