Ба қадри оилаам нарасидам

Ба қарибӣ яке аз дугонаи деринаамро дар ҷойи кор вохӯрдам. Сӯҳбати мо аз рӯзҳои хушу фараҳбахши даври ҷавонӣ қӯр гирифт. Баъд сухан аз оилаву фарзандонамон рафт. Ин вақт ӯ оҳи сабуке кашиду дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ӯро дилбардорӣ карда, сабабашро пурсидам.
– Бахтам хандида, ба як хонадони зиёиву соҳибмаърифат арӯс шудам. Шавҳарам низ соҳибмаълумот буд ва дар ҷойи хубе кор мекард. Аз ҳеҷ кас камӣ надоштем. Он чизеро ки мехостам, шавҳарам барои ман муҳайё мекард. Лекин ман худ аҳмақӣ кардам. Ҳамон вақтҳо ғурур, беақлӣ ва манмании ҷавонӣ буд ё хостам ба дигарҳо худро нишон диҳам, дар саҳифаи шахсии телеграми худ суратҳоямро гузоштам. Ин корам ба шавҳарам маъқул нашуд. Якчанд маротиба таъкид кард, ки расмҳоямро гирам ва дигар нагузорам. Ман дар наздаш гуфтаҳояшро иҷро кардам.
Баъди муддате соҳиби писар гаштем. Намедонам бо чӣ сабаб бошад боз сурати фарзандамро ба телеграм гузоштам. Ин корам низ боиси норозигии шавҳарам шуд ва байни мо ҷангу ҷанҷол хест. Кор ба ҷое расид, ки шавҳарам ба ман даст бардошт. Ман аз ин кори ӯ қаҳр карда, ба хонаи волидонам рафтам. Ин кору рафтори маро фаҳмида, падару модар ва ҳатто хоҳару бародаронам сарзаниш карданд. Лекин шавҳарам аз пасам наомад. Ман дар танҳоӣ ҳамаи корҳоямро як–як андешида, аз кардаҳоям пушаймон шудам. Зеро шавҳарам ҳақ буд. Ӯ дар аввал бо мулоимӣ ба ман фаҳмонд: «Ба одамон худро намоиш додан чӣ лозим? Суратҳоро, ки дар телеграм мемонӣ, ҳама мебинад. Ҳар кас бо ҳар гуна чашм менигарад. Сабаби сурати фарзандамонро гузоштанатро нахостанам байни тамошобинон онҳое ҳастанд, ки чандин солҳо боз ба нохуни фарзанд зоранд. Хулоса, ту бо ин рафторҳоят гунаҳкор мешавӣ. Мехоҳам ҳарчанд зӯру тавоно бошӣ ҳам, хоксор бош». Лекин, ман ба гапҳои ӯ бепарвоӣ зоҳир кардам ва аз донистаи худ намондам. Оқибат, аз оилаам ҷудо шудам… – гӯён дугонаам аз гиря худдорӣ карда натавонист.
Ман ҳарчанд кӯшиш кардам, ки ӯро дилбардорӣ намоям, лекин нафъе набахшид.
Ӯ пас аз муддате худро ба даст гирифта, илова кард:
– Ман аз кардаҳоям пушаймон шуда, якчанд маротиба ба назди шавҳарам рафтам. Аммо ӯ маро набахшид. Дар ҳақиқат, ман гунаҳкорам, ки ба туфайли ғуруру манманӣ фарзанди азизамро аз падар ҷудо кардам. Ба қадри оилаам нарасидам…
Маликаи БАХТИЁР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ