Мутахассисон аз ҷиҳати экологӣ тозатарин шаҳрҳои Аврупоро номбар карданд


Олимони Испания, Швейсария ва Нидерландия ба сатҳи тозагии ҳавои шаҳрҳои Аврупо баҳо доданд. Онҳо дар пажӯҳиши худ ҳавои 47 абаршаҳр (мегаполис) ва 969 шаҳраки 31 кишварро омӯхтанд. Дар ин бора The Lancet Planetary Health хабар дод.
Ба гуфтаи олимон, зарраҳои сахти атмосфера, ки диаметрашон тақрибан 2,5 микрометр (PM 2,5) аст ва партовҳои диоксиди азот зарарноктарин моддаҳо барои саломатӣ мебошанд. Ин моддаҳо боиси бемориҳои доимӣ ва гоҳо ҳатто сабаби марги ногаҳонӣ мешаванд.
Бино ба натиҷаҳои пажӯҳиши олимон, марг бар асари олудагии ҳаво дар Аврупои Шимолӣ нисбат ба дигар қисматҳои қитъа камтар аст.
Рейкявик, пойтахти Исландия, шаҳрҳои Тромсеи Норвегия, Умеои Шветсия ва Оулуи Финландия аз ҷиҳати тозагии экологӣ тозатарин шаҳри Аврупо эътироф шуд.
Олимон Брешиа, Бергамои Италия, Карвинеи Чехия, Мадрид, Антверпен ва Туринро дар аввали феҳристи шаҳрҳое ҷой доданд, ки ҳавояшон олуда аст.
Онҳо таъкид мекунанд, ки кам шудани сатҳи олудашавии ҳаво ҳамасола пеши роҳи марги садҳо ҳазор нафарро мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ