Бар асари таркиш ва ҳамлаи мусаллаҳона дар Кобул се нафар кушта шуданд

Дар ду ҳодисаи рухдода дар Кобул се нафар кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии tolonews.com.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон изҳор намудааст, ки дар ҳодисаи аввал, дар як мошини “Corolla” шоми 21.01.2021с. дар минтақаи Доруламони ноҳияи шашуми амниятии Кобул минаи магнитӣ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар рӯйдоди дуввум, як автомашинаи артиш дар минтақаи Кортаи Сангии ноҳияи панҷуми амниятии Кобул мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва дар натиҷа ду сарбоз кушта шуданд.
Полис мегӯяд, ки ин ду ҳодиса таҳқиқ мешаванд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ҳодисаи дуввумро шӯришиёни толиб анҷом додаанд, аммо «Толибон» дар ин бора изҳори назар накардаанд.

khovar.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ