Генерал-губернатори Канада баъди ҷанҷол бо зердастонаш истеъфо дод


Жюли Пейетт, генерал-губернатори Канада дар бораи истеъфои худ хабар дод. Ӯро чанде пеш ба рафтори нописандона бо зердастонаш муттаҳам карда буданд.
Бино ба хабари “Известия”, Пейетт дар аризаи худ чунин навишт, “Баъди 28 соли хидмат ба ватан ман дар бораи истеъфо ариза навиштам. Ман сарвазир Ҷастин Трудоро аз ин хабардор кардам”.
Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар як корманд ҳақ дорад, ки дар муҳити солиму бехатар кор кунад. Аммо моҳҳои охир дар офиси ӯ вазъият тезу тунд шуд. Пейетт дар афсӯс будани худро баён кардааст.
Дар паёмҳои беному нишоне, ки расонаҳои маҳаллии Канада чоп кардаанд, гуфта мешавад, ки Пейетт ба кормандони зердасти худ рафтори нописандона мекард ва носазо мегуфт, ҳатто, баъзе аз кормандонаш маҷбур шудаанд, ки корро тарк кунанд.
Ёдовар мешавем, генерал-губернатори Канада аз сӯи подшоҳии Британияи Кабир таъин мешавад. Жюли Пейеттро малика Елизаветаи дувум соли 2017 ба ин мақом таъин карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ