Пардохти “контракт” барои таҳсили ғоибона чӣ тавр муайян шудааст?


Сарвархон Бузрукхонов, муовини вазири таълими олӣ ва махсуси миёнаи Ӯзбекистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба саволе дар бораи тартиби муайян кардани пардохти “контракт” ҷавоб дод.
Ӯ гуфт, “3 сол аст, ки дар донишгоҳҳои кишвар шакли ғоибонаи таҳсил ҷорӣ шуд. Шаҳрвандоне, ки кор мекунанд, метавонанд ҳамзамон таҳсил гиранд ва соҳиби маълумоти олӣ гарданд. Имрӯз беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрванд таҳсили ғоибона мегиранд.
Ба саволи нархи таҳсил чӣ гуна муайян мегардад, посух диҳем. Донишҷӯёни рӯзона бар асоси “контракт”-и базавӣ таҳсил мегиранд, ки ин қимати иҷтимоӣ аст. Яъне, пуле, ки донишҷӯ пардохт мекунад, 60 дарсади харҷи таҳсили ӯро таъмин мекунад.
Дар таҳсили ғоибона харҷи таҳсил бояд комилан пардохт шавад. Дар ҳоли ҳозир ин дар риштаҳои асосии таҳсил 6 миллиону 793 ҳазор сӯм аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ