Эҳтиром ба маърифатпарвари бузург

Дар мактаби таълими умумии рақами 62-юми шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо маъмурияти ансамбли Регистон зери шиори «Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ба ёд меорем!» намоишгоҳи маънавӣ-маърифатӣ ташкил карда шуд
Дар оғози тадбир гид-экскурсаводи ансамбли Регистон Дилафрӯз Ҷумъаева ба ҳозирин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти рӯзноманигор, драматург, публитсист, арбоби ҷамъиятӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати ҷадидон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки дар охири XIX ва ибтидои асри ХХ зиндагӣ кардааст, маълумот дод.
Зикр гашт, ки Беҳбудӣ барои огоҳ кардани мардум аз рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳон тавассути нашри рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо заҳтмати фаровон кашидааст.
Дар Туркистон нахустин намоишномаи «Падаркуш»-ро навишта, ба саҳна гузоштааст ва мардумро ба донишандӯзиву озодӣ даъват кардааст.
Баромадҳои бадеи, ки муаллимон ва хонандагони мактаб омода намуда буданд, писанди ҳозирон гардид.

Темур БОЛТАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ