Дар мақомоти боҷхона тағйиротҳо зиёданд

Соли 2020 дар мақомоти боҷхона як қатор ислоҳоти сохторӣ дар зарварақҳои таърих ҷой гирифт ва аз ҷониби ҳукумат оид ба соҳа якчанд қарору фармонҳо қабул гардид. Хусусан, Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 5-уми июни соли 2020 «Дар бораи ислоҳи маъмуриятдории боҷхона ва такмил додани фаъолияти мақомоти хизмати боҷхонаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами ФП‑6005 ба маънои том дар ислоҳи куллии фаъолияти он ва истифодаи самаранок аз технологияҳои замонавии ахборӣ-­коммуникатсионӣ дар хизмати боҷхона, чун дастуруламали асосӣ хизмат хоҳад кард.
Ҳоло бобати соддатар кардани тартибу тамоюли боҷхона, тавассути дастгирии васеи технологияҳои рақамӣ кам кардани омили инсон, гузаштан ба «Боҷхонаи рақамӣ» корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
Имрӯз дар мақомоти боҷхона 63 сохтори ахборӣ ва 28 хизмати интерфаъол ҷорӣ карда шуда, ҷараёни расминамоии боҷхона 100 фоиз автоматӣ кунонида шуд. Дар давоми соли гузашта 13 сохтори нави ахборӣ ба амал татбиқ гардид. Дар давоми соли 2021 бошад, боз таҳия ва амалинамоии 16 сохтори нави ахборӣ ба нақша гирифта шудааст. Бахусус, дар натиҷаи ҷорӣ намудани сохтори «Идоранамоии хавф» имрӯз маҳсулоти ба содирот ва воридот равонакардаи тадбиркорон бо зудӣ аз расмигардонии боҷхона гузаронида мешавад.
Ин сохтор аз 1-уми июни соли 2020 ба тариқи санҷиш дар постҳои боҷхонаи сарҳадии автомобилӣ дар амал ҷорӣ гардид. Дар натиҷаи бо назардош­ти дараҷаи хавф ба тоифаҳо ҷудо кардан, иштирокдорони фаъолияти иқтисоди беруна шумораи назоратгоҳҳои боҷхона 1,4 баробар кам шуда, самарадории кор 1,5 баробар афзуд. Мӯҳлати расмигардонии боҷхона дар содирот 1,7 баробар, дар воридот 1,4 баробар кӯтоҳ гардид. Имрӯзҳо 62 фоизи мавод бо тартиби соддагардида аз расмигардонии боҷхона гузаронида мешавад.
Дар ҳоли фаҳмидани он, ки мавқеи сох­торҳои ахборӣ дар содданамоии тартибу тамоюли боҷхона калон мебошад, ҷараёнҳои ба расминамоӣ вобастабуда пурра автоматӣ кунонида шуданд. Аз ҷумла, автоматӣ ба рӯйхат гирифтани декларатсияҳои бори боҷхона ва тақсимкунии автоматӣ ҷорӣ гардид.
Инчунин, ҳоло оиди аз санҷиши давлатӣ гузаронидани воситаҳои автонақлиётии тавассути постҳои боҷхона ҳаракаткунанда ва аз ҳудуди пост баромада рафтани он ба асоси «шлагбауми электронӣ» сурат гирифта, оиди дар амал ҷорӣ кардани амалиёти сохтории ахбори автоматикунонидаи «Назорати нақлиёт» як қатор корҳо идома доранд.
Бо ёрии шабака тадбирҳои назорати аз дохил гардидани мавод ва воситаҳои нақлиёт тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳад то баромада рафтани он дар ҳоли татбиқ кардани дастгоҳҳои замонавӣ автоматӣ кунонида шуда, тибқи тамоюли «Даричаи ягона» дар асоси расминамоӣ Пости инноватсионӣ (боақл)-и боҷхона дар амал ҷорӣ карда мешавад.
Бо мақсади бештар фароҳам овардани қулайӣ барои субъектҳои тадбиркорӣ дар амалинамоии оператсияҳои содиротӣ-­воридотӣ ва дастгирии онҳо Пости боҷхонаи фаъолияти иқтисоди берунаи «Самарқанд» дар бинои нав корро сар кард. Дар асоси тамоюли «Даричаи ягона» фаъолият нишон додани пости мазкури боҷхонаро ба назар гирифта, барои пешравии кор шохобчаи бонк, идораҳои сертификат ва брокерҳои боҷхона хонаҳо ҷудо карда шудааст.
Дар Муроҷиатнома Президенти мӯҳтарамамон дар соли 2021 ба назди мақомоти боҷхона низ вазифаҳои бузург гузоштанд. Аз ҷумла, ба афзудани ҳаҷми коркарди маҳсулоти саноатӣ дар режими азнавкоркард эътибор нигаронида шуд. Табиист, ки ин рақобатбардории маҳсулоти дар ҷумҳуриятамон истеҳсолшавандаро баланд мебардорад. Инчунин, барои афзудани воридшавии валютаи иловагӣ аз хориҷа хизмат мекунад.
Доир ба ҷамъбасти соли 2020 гардиши савдои берунаи вилояти Самарқанд 1,4 млрд. долларро ташкил кард. Аз он, содирот – 315 доллар, воридот бошад – 1,1 млрд. –ро дар бар гирифт.
Дар гардиши савдои беруна саҳми аз ҳама баланд ба Хитой, Россия, Туркия ва Япония рост меояд. Дар вилоят аз ҷониби 591 корхонаи содиркунанда асосан маҳсулоти меваву сабзавот, бофандагӣ, хӯрокворӣ, нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии он ва маводҳои дигар ба хориҷа экспорт карда шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки саҳми пардохтҳои гирифташудаи боҷхона ба буҷаи давлат сол то сол меафзояд. Соли гузашта аз ҷониби боҷхоначиён ба буҷаи давлат ба миқдори 1 трлн. 193 млрд. сӯм пардохтҳои буҷа ба фоидаи давлат рӯёнида шуд. Ин бошад, аз ҳамин вақти соли гузашта 35 фоиз зиёд аст.
Соли гузашта бо мақсади дастгирии иштирокдорони фаъолияти иқтисодӣ дар асоси ставкаҳои дар қонун нишондодашуда ҷамъ 1 трлн. 700 млрд. сӯм имтиёзҳо истифода шуданд.
Ба ғайр аз ин, бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи тадбиркорон дар шароити пандемия, ба 101 нафар субъекти тадбиркорӣ, ҷамъ ба миқдори 252 млрд. сӯм барои бо таъхир пардохтани пардохтҳои боҷхона имконият дода шуд.
Дар давоми соли гузашта дар вилоят дар равияи мубориза бар зидди «иқтисодиёти пинҳонӣ» ҷамъ 508 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ муайян гардида, аз рӯйи он ба миқдори 4 млрд. сӯмина маводи моддӣ ҳамчун далели ашёӣ боздошта шуд. Инчунин, ҷамъ ба миқдори 10,2 млрд. сӯмина пардохтҳои иловагии боҷхонаро ҳисоб карданд. Дар ҳамин давр 25 парвандаи ҷиноӣ кушода, доир ба пешгирии гардиши ноқонунии воситаҳои нашъамандӣ дар 24 ҳолат ба гардиши ноқонунии 8,6 килограмм воситаҳои нашъамандӣ хотима доданд.
Ҳамчунин, идентификатсиянамоии меъёри баровардани маҳсулоти аз нав истеҳсолшаванда дар режими «Азнавкоркард дар ҳудуди боҷхона» ва услубияти баҳогузорӣ аз ҷониби субъектҳои тадбиркорӣ нишон дода шуда, ҷараёни азнавкоркардро хеле содда мекунад. Ин бошад барои коркарди умумӣ, аз ҷумла, афзоиши ҳаҷми содирот ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои иловагии корӣ замина ба вуҷуд меоварад.
Ба ғайр аз ин, дар асоси шартнома барои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ расонидани хизматҳои интерфаъол ба мисли гузаронидани экспертизаи боҷхона, аниқ кардани кодҳои номенклатураи маводҳои фаъолияти иқтисодии беруна ва тақдим намудани маълумоти оморӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар натиҷа, аз 1-уми январи соли 2021 қисми аз 5 фоиз кам набудаи шумораи декларатсияҳои бори дар режими содирот расмигардонидаи боҷхона, то 1-уми январи соли 2022 бошад 20 фоизи декларатсияҳои бори умумии расмикунонидашуда ба тарзи автоматӣ бе дахолати омили инсон расмӣ кунонида хоҳад шуд.
Мухтасар карда гӯем, мақомоти боҷхона ҳамчун хизматрасони тадбиркорон ва идораи ёрирасони бизнес-­ҳамкор ислоҳ карда мешавад.

Яъқуб МИРЗОРАҲИМОВ,
сардори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ