Намоиши тарафдорони Навалний дар Русия: пулис эътирозгаронро боздошт мекунад


Дар шаҳрҳои Русия тарафдорони Алексей Навалний, ки баъди бозгашт ба Маскав боздошт шуд, намоишҳо барпо кардаанд.
Бино ба хабари расонаҳои хабарӣ, то ҳол дар Маскав беш аз 50 нафар эътирозгарро боздошт карданд. Дар Шарқи Дур ва Сибир беш аз 200 нафар боздошт шуданд.
Яке аз боздоштшудагон Любов Собол, ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо коррупсия мебошад.
Гуфта мешавад, ки тарафдорони Навалний дар Берлин, Лондон, Париж, Амстердам, Варшава, Тел Авив ва Вашингтон низ баргузории намоишҳоро барномарезӣ кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ