Нахустин бор марди сиёҳпӯст раиси Пентагон шуд


Ллойд Остин роҳбари нави вазорати мудофиаи ИМА таъин шуд. Ӯ охирин фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи амрикоиҳо дар Ироқ буд.
Ҷозеф Байден, раисҷумҳури нави ИМА номзадии ӯро ба мақоми вазири мудофиа пешниҳод кард ва Сенат ин пешниҳодро қабул кард.
Ллойд Остин нахустин вазири мудофиаи ИМА аз миёни сиёҳпӯстон мебошад.
Остин хатмкунандаи академияи ҳарбии Уэст Пойнт аст.
Ӯ охирин фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи амрикоӣ дар Ироқ буд ва соли 2016 истеъфо дод. Бино ба қонуни ИМА номзад ба роҳбарии Пентагон бояд 7 сол пеш истеъфо дода бошад. Дар акси ҳол ба ӯ иҷозати махсуси қонунӣ зарур аст. Остин низ чунин иҷозат гирифт ва вазир шуд. Чунин маҳдудият барои пешгирии ба сари ҳукумат омадани ҳарбиён дар ИМА ҷорӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ