Дар натиҷаи таркиши мошини боркаш дар Нигерия 30 нафар кушта шуданд


Дар шаҳри Агбори Нигерия автомобили боркаше, ки гази табиӣ мекашонд, таркид. Дар натиҷа, 30 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд. Вазъияти саломатии захмиён вазнин мебошад.
Бино ба навиштаи The Nation, таркиш чунон шадид буд, ки 30-то хона дар натиҷаи он он осеб дид. Ҳамчунин, як майдони палмазор низ нобуд шуд.
Баъди таркиш сӯхтор рух дод. Дар баъзе хонаҳо тамоми аҳли оила дар коми оташ кушта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ