СҶТ сабаби афзоиши қурбониёни шабонарӯзии коронавирусро тавзеҳ дод


Мария Ван Керкхове, раиси гурӯҳи техникии бемориҳои фавқулоддаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сабаби афзоиш ёфтани қурбониёни шабонарӯзии коронавирусро тавзеҳ дод.
Бино ба хабари “Новости”, дар натиҷаи паҳншавии босуръати коронавируси “британияӣ” вақтҳои охир ҳамарӯза шумори зиёди беморон мемиранд.
Чанде пеш Борис Ҷонсон, сарвазири Британия дар мавриди хатари штамми нави коронавирус маълумоти мутахассисонро эълон карда буд. Бино ба он, аз ҳар ҳазор нафар мубталои коронавируси муқаррарӣ тақрибан 10 нафар ва аз ҳар ҳазор мубталои коронавируси “британияӣ” 13-14 нафар мемиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ