Коронавируси “британияӣ” паиҳам дар кишварҳои ҷаҳон кашф мешавад


Рӯз то рӯз кишварҳои ҷаҳон дар бораи кашфи коронавируси “британияӣ” дар қаламрави худ хабар медиҳанд. Ин бор Сербия дар низ навъи нави коронавирус кашф шуд.
Бино ба хабари Srbija danas, Александр Вучич, раисҷумҳури Сербия имрӯз, 24 январ дар бораи вурӯди коронавируси “британияӣ” ба кишвар эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, як шаҳрванди Британияи Кабир вирусро ба Сербия овардааст. Ӯ барои ташхиси коронавирус тест супурд, аммо натиҷаи тест манфӣ буд. Ҳоло шавҳари ӯ бемор асту беморӣ вазнин мегузарад.
Ёдовар мешавем, коронавируси навъи нав бори нахуст дар Британияи Кабир моҳи сентябри соли гузашта кашф шуд ва ба ҳамин далел номи “британияӣ” гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ