Дар Самарқанд онҳое, ки дар таҳхонаи хонаашон хурӯзҷанг ташкил карданд, ба даст афтоданд

Аз ҷониби шӯъбаҳои зудамали ҳудудҳои кӯҳистонӣ-сарҳадии Садорати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд дар маҳаллаи «Каттақишлоқ»-и ноҳияи Ҷомбой тадбир ташкил гардид. Дар тадбир маълум шуд, ки сокини маҳалла, марди 44-сола Д.Ш. бо хешовандаш — марди 38-сола О.П. дар таҳхонаи хонааш қиморхона ташкил кардааст. Бино ба маълумотҳо, соҳибхона аз ҳар тамошобине, ки ба хурӯзҷанг омадааст, 20000 -сӯмӣ пул чиндааст. Дар тадбир аз О,П, дар тариқи ашёи далел 506000 сӯм (дар иштироки холисон) гирифтанд. Аз рӯйи ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбати ин шахсон бо қисми 1-и моддаи 278-и кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳаракатҳои кофтуковӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ