Дар назди мактаби касбу ҳунари якуми ноҳияи Булунғур як муассисаи замонавии таълимӣ ташкил карда шуд

Дар маросими ифтитоҳи маскан вакилони ҳокимияти ноҳия, роҳбарони Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят, намояндагони корхона ва ташкилотҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар ин маскани таълимӣ курсҳои дӯзандагӣ, саводи компютерӣ ва пешхизмати хона (меҳмонхона) мавҷуд буда, дар ин курсҳои хонишӣ 50 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия иштирок доранд. Дар оянда боз кардани курсҳои нави омӯзишӣ дар назар аст.

Ба шаҳрвандоне, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҷалб гардидаанд, касбу ҳунар бепул омӯзонида мешавад ва дар давраи таҳсил ба онҳо стипендия пардохт мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ