Филмсозони Британияи Кабир дар бораи мубориза бо коронавирус сериал таҳия мекунанд


Коргардон ва филмсози Британияи Кабир – Майкл Уинтерботтом, ки бо филмҳои “Дар ин дунё” ва “Роҳ ба сӯи Гуантанамо” шӯҳрат пайдо кардааст, дар бораи муборизаи ҳукумати кишвараш бо пандемияи коронавирус сериали нав таҳия мекунад.
Бино ба хабари ТАСС, Кеннет Брана, ҳунарпешаи 60-сола дар ин сериал нақши сарвазири Британияи Кабир – Борис Ҷонсонро меофарад. Сериал дар бораи нимаи аввали соли гузашта – аз оғози нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир то дар бемористон бистарӣ шудани Борис Ҷонсон ва таваллуд шудани писари ӯ – Уилфрид Лоури Николас ҳикоя мекунад.
Филм дар асоси ҳикояҳои кормандони офиси Борис Ҷонсон, вазорати тандурустӣ, аъзои гурӯҳи илмӣ-машваратии вазъиятҳои фавқулоддаи шӯрои вазирон ва ҳикояҳои шифокорон ба навор гирифта мешавад.
Наворбардории филм соли ҷорӣ оғоз мешавад. Нахустнамоиши сериал дар фасли тирамоҳи соли 2022 баргузор хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ