Раисҷумҳури Мексика мубталои коронавирус шуд


Андрес Мануэл Лопес Обрадор, раисҷумҳури Мексика мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора худи ӯ дар Твиттер навишт.
Бино ба хабари “МИР 24”, Обрадор гуфт, ки ҳоло муолиҷаро оғоз кардаст. Ба гуфтаи ӯ, беморӣ сабук мегузарад.
Обрадор навишт, “Мисли ҳамеша ман хушбин ҳастам”.
Олга Санчес Кордеро, вазири корҳои дохилии Мексика дар конфронсҳои субҳ ҷойи ӯро мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ