Левандовски голи 500-уми худро зад

Варзиш

Роберт Левандовски голи 500-уми худро дар корномаи варзишиаш ба самар расонид. Футболбози полшагӣ дар «Бавария» 272 гол, «Боруссия Д» 103, «Лех» 41, «Зних» 21 ва дар тими миллии Полша 63 гол задааст. Левандовски аввалин футболбозе нест, ки ба чунин натиҷа мерасад. Криштиану Роналду, Лионел Месси ва Златан Ибрагимович низ чунин дастовардро ба қайд гирифтанд.
Роберт Левандовски айни ҳол дар Бундселига 23 гол зада, дар зинаи аввали рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ