Расонаҳои хабарӣ: ИМА барои мулоқот бо Эрон омода аст


ИМА омода аст, ки тавассути миёнаравони аврупоӣ бо Эрон мулоқот кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Sky News Arabia хабар дод.
Бино ба маълумоти вазорати мудофиаи ИМА, Ҷозеф Байден, раисҷумҳури ИМА мехоҳад бо Эрон мулоқоти мустақим роҳандозӣ шавад.
Саид Хатибзода, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки агар ИМА ба созишномаи Барҷом (Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак) барнагардад, Теҳрон ба хоҳиши мулоқоти ИМА эътино нахоҳад кард.
Энтони Блинкен, номзад ба мақоми котиби давлатии ИМА рӯзи 19 январ таъкид карда буд, ки ИМА мехоҳад дар заминаи атомӣ бо Эрон созишномаи дарозмуддатро имзо кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ