Дар Австрия пӯшидани респиратор дар ҷойҳои ҷамоатӣ маҷбурӣ шуд


Аз 25 январ дар ҷойҳои ҷамоатии Австрия пӯшидани ниқобҳои махсуси нафасгирӣ – респираторҳо маҷбурӣ шуд. Себастян Курс, канслери Австрия қоидаи нави даври пандемияро эълон кард.
Бино ба хабари шабакаи телевизионии “360”, мардум дар ҷойҳои ҷамоатӣ фақат бо респираторҳои FFP2, ки сатҳи олии ҳимояро доранд, метавонанд ҳозир шаванд.
Ба гуфтаи Рудолф Аншобер, респираторҳо нисбат ба ниқобҳои тиббӣ беҳтар ҳимоя мекунанд. Респираторҳо бо таннархи худ фурӯхта мешаванд, ки он тақрибан 1 евро аст. Ҳукумат камбағалонро бо респираторҳои бепул таъмин мекунад.
Қоидаи нав нахуст дар Бавария ҷорӣ шуд. Мақсад аз он пешгирии паҳншавии штамми британияии коронавирус мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ