Вазирони Иттиҳоди Аврупо озодии Навалний ва боздоштшудагонро талаб мекунанд


Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар раванди мулоқот дар Брюссел рӯзи 25 январ аз ҳукумати Русия талаб карданд, ки Алексей Навалнийро ва тарафдорони ӯро, ки дар намоишҳои рӯзҳои истироҳатӣ боздошт шуданд, озод кунанд.
Бино ба хабари Евронюз, бо вуҷуди он, ки баъзе аз вазирон дар бораи таҳримҳои (санксия) нав бар зидди Русия пешниҳодҳо карданд, аммо чунин қарор гирифта нашуд.
Ёдовар мешавем, Иттиҳоди Аврупо то ҳал ба далели ҳодисаи заҳролудшавии Навалний 6 нафар шахси сиёсии Русияро таҳрим кард.
Дар натиҷаи намоишҳои рӯзҳои истироҳатӣ дар Русия тақрибан 3 ҳазор нафар боздошт шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ