Институти лоиҳакашии «Ӯрмонлоиҳа» ташкил мегардад

Бо мақсади татбиқи Консепсияи рушди системаи хоҷагии ҷангали Ҷумҳурияти Ӯзбекистон то соли 2030, таъмини инкишофдиҳии илм ва истеҳсолот, ҳавасмандгардонии корҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин, такмили низоми тайёр кардани кадрҳои дорои таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ки ба сатҳи стандартҳои байналмилалии соҳаи хоҷагии ҷангал мувофиқанд, қарори Президенти мамлакат аз 21-уми январи соли 2021 «Дар бораи чораҳо оид ба рушди илм ва ҳавасмандгардонии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал» таҳти рақами ҚП‑4960 имзо гардид.
Мувофиқи қарор:
Аз 1-уми феврали соли 2021:
🏢 Дар Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ташкили мунтазами коромӯзии хориҷӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, инчунин, дар истеҳсолот ба таври васеъ ҷорӣ намудани барномаҳои инноватсионӣ Садорати мувофиқгардонии фаъолияти ташкилотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо;
💼 Стансияи илмию таҷрибавии пистапарварӣ дар шакли муассисаи давлатии назди Институти илмӣ-­тадқиқотии хоҷагии ҷангал, инчунин, шӯъбаи иқтисоди ҷангал ташкил мегарданд.
➡ Инчунин, Маркази таҳлили тухмипарварии ҷангал ва гиёҳҳои шифобахши назди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал барҳам дода шуда, ба Институти илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал супорида мешавад.
✅ Дар пойгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Ӯрмонлоиҳа» дар шакли муассисаи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, ташкили доимии чорабиниҳои хоҷагии ҷангал дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳа институти лоиҳакашии «Ӯрмонлоиҳа» таъсис дода мешавад.
📌 Бо қарор вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти институти мазкур муқаррар карда шуд.
💰 5 фоизи ҳаҷми умумии воридот ба Фонди рушди хоҷагии ҷангали Кумитаи давлатии ҷангал барои дастгирии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои илмии системаи он, инчунин ҳавасмандгардонии моддии кормандони онҳо равона карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ