Байден ва Путин сӯҳбати телефониро анҷом доданд


Ҷо Байден, раисҷумҳури нави ИМА бо Владимир Путин, роҳбари Русия нахустин мулоқоти сӯҳбатиро анҷом дод. Дар ин бора сайти расмии Кремл хабар дод.
Путин дар оғози мулоқот Байденро бо оғози фаъолияти раисҷумҳурӣ табрик кард. Ӯ таъкид кард, ки робитаҳои босуботи Русия ва ИМА ба манфиати амнияти ҷаҳон хидмат хоҳад кард.
Тарафҳо дар давоми мулоқот муборизаи муштарак бо коронавирусро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, дар бораи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ табодули афкор карданд.
Гуфта мешавад, ки сӯҳбати Байден ва Трамп дар фазои самимона баргузор шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ