Муноқишаи Иброҳимович ва Лукаку. Дербии дело Маданина хотирмон буд

Варзиш

Дар бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Италия «Интер»-у «Милан» дар майдони «Ҷузеппе Меатса» бо ҳам рақобат карданд. Қаҳрамони ниммаи аввали бозӣ, Златан Иброҳимович буд. Ӯ саравал дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард ва дар поёни нимаи аввал як муноқишаи дуру дароз бо Лукаку анҷом дод. Довар амали ҳарду бозингарро бе ҷазо намонда, огоҳӣ дод. Маҳз ҳамин огоҳ ба ҳунарнамоии футболбози шведӣ дар қисми дуюм таъсир гузошт. Мавсуф маротибаи дуюм баргаи зард гирифта, бозибадар шуд. Аз ин фурсат футболбозони «Интер» истифода бурда, дар дақиқаи 71-ум аз пенлатӣ тавассути зарбаи Ромелу Лукаку ҳисобро баробар карданд. Ғалаба ва роҳхати марҳилаи нимниҳоии мусобиқаро барои мизбонон голи аз зарбаи ҷаримавӣ задаӣ Кристиан Эриксен дар дақиқаи 90+7 таъмин кард. Акнун «Интер» дар даври баъдӣ бо ғолиби ҷуфти «Ювентус»-«Спал» рақобат мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ