Дар Колумбия ба хотири қурбониёни пандемия мотами 3-рӯза эълон шуд


Иван Дуке, раисҷумҳури Колумбия рӯзи 26 январ ба поси хотири беш аз 51 ҳазор қурбонии пандемия дар кишвар мотам эълон кард.
Дуке дар барномаи радиои La FM чунин гуфт, “Ман ба хотири ҳама қурбониёни колумбиягӣ ва вазир Карлос Олмес Трухило фармон имзо кардам. Мо 3 рӯз мотам медорем ва ба ин васила эҳтироми худро ба қурбониёни ин беморӣ изҳор мекунем”.
Ёдовар мешавем, Карлос Олмес Трухило, вазири мудофиаи Колумбия низ рӯзи гузашта бар асари коронавирус фавтид. Вазири 69-сола ҳафтае пеш ба далели вазнин шудани вазъияти саломатиаш дар бемористон бистарӣ шуда буд.
Бино ба маълумоти охирин, дар Колумбия беш аз 2 миллион нафар мубталои коронавирус гардид. Беш аз 51 ҳазор нафар қурбони вирус шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ