ОИД БА ҲАМКОРӢ БО ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ «ХАРИТАИ РОҲ» ТАҲИЯ МЕГАРДАД

Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ҷамъомади гурӯҳи корӣ оид ба ташкили омӯзиши масъалаҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов ширкат варзиданд.
Ҳадафи гурӯҳи таъсисёфта таҳлили амиқи ҷанбаҳои мусбат ва манфии узвият дар ИИА, омӯхтани таъсири он ба иқтисодиёти миллӣ, баррасии ҳамаҷонибаи дурнамои ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар асоси Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис аз 29 декабри соли 2020 яке аз вазифаҳои асосии гурӯҳ ташкили омӯзиши масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2021, пайдо кардани роҳҳои аз ҷониби Ӯзбекистон ба сифати давлати нозир ҳамаҷониба истифода бурдан аз ин сохтори минтақавӣ муайян шуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ қайд карданд, ки бояд механизми танзими ҳуқуқии раванди иштироки ҳамаҷониба дар бозорҳои кишварҳои узви ИИА-ро амиқ омӯхта, корро оиди ба меъёри созмони мазкур мувофиқ гардондани қоидаҳои миллии техникӣ суръат бахшид. Бо мақсади ташкили самарабахши ҳамкорӣ байни ИИА ва Ӯзбекистон лоиҳаи “харитаи роҳ” барои соли 2021 муфассал муҳокима ва тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъомади гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст, тадбирҳои мушаххас оид ба расонидани пешниҳодҳо ба вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор, инчунин назорати парлумонӣ аз болои иҷрои онҳо муайян карда шуданд.

Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
мухбири УзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ