Шавкат Мирзиёев: Бекории расмӣ дар миёни шаҳрвандони зери синни 18 то 30-и Ӯзбекистон 17 дарсад аст


Ҳоло бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон оиди масъалаҳои таъмини ҷавонон бо кор ва бомазмун ташкил кардани вақти холии онҳо видеоселектор баргузор аст.
Раисҷумҳури кишварамон дар ин маҷлис гуфт, ки имрӯз бекории расми дар миёни шаҳрвандони аз 18 то 30-сола 17 дарсад мебошад. Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои ҳалли масъалаҳои ин замина ҳоло дар ҳар маҳалла алоҳида пешниҳодҳои писару духтаронро меомӯзад. Ин назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз барои касбомӯзии ҷавонон, таъмини онҳо бо кор ва кредитдиҳӣ ба онҳо муаммоҳо мавҷуданд. Базаи моддиву техникии аксарияти марказҳои фарҳангӣ, боғҳои истироҳатӣ ва толорҳои варзишӣ ба талаб ҷавоб намедиҳанд, ки ин барои пурмазмун гузарондани вақти холии ҷавонон мушкил эҷод мекунад.
Роҳбари давлат барои ҳалли ин муаммоҳо дар шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои устуворро муайян кард.
Муовинони масъалаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва кишоварзии ҳоким ба масъалаи шуғли ҷавонон;
Роҳбарони идораи андоз, палатаи савдо-саноат ва бонкҳо барои ҷалби ҷавонон ба тадбиркорӣ;
Муовини масъалаҳои ҷавонони ҳоким барои таъмини бомазмун баргузор кардани вақти холии ҷавонон;
Прокурор, раисони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа барои кор бо ҷавонони бекор, пешгирии ҷинояткорӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар онҳо масъул шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ