Ҳукумати ИМА мошинҳои кории худро бо электромобилҳо иваз мекунанд


Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА дастур дод, ки тақрибан 650 ҳазор автомобили хидматии ҳукуматро бо электромобилҳо иваз кунанд. Дар ин бора Reuters хабар дод.
Як мақсади асосӣ аз ин қарори Байден кам кардани ҳаҷми углерод мебошад, ки ба ҳаворо олуда мекунад. Ҳамчунин, Байден мехоҳад бо ин роҳ истеҳсолкунандагони маҳаллиро дастгирӣ кунад. Бо электромобилҳо таъмин кардани ҳукумат тақрибан 20 миллиард доллар маблағ мехоҳад.
Раисҷумҳури ИМА ваъда дод, ки барои электромобилҳо 550 маркази қуввагирӣ сохта мешавад ва ба ронандагоне, ки мошинҳои худро ба электромобилҳо иваз карданд, имтиёз ва тахфифҳо дода мешавад.
Бино ба маълумоти коршиносон, соли 2020 фурӯши электромобилҳо 43 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ