Дар Ӯзбекистон хонаҳои толибилмон зиёд карда мешавад


Дирӯз, 27-уми январ дар ҷамъомаде, ки бо раисии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон баргузор гардид, ба масъалаҳои иҷтимоии ҷавонон низ эътибор дода шуд.
Имрӯзҳо дар 129 адад муассисаи таълими олӣ беш аз 500000 толибилм таълим мегиранд. Аммо онҳо ба дараҷаи кофӣ бо хобгоҳ таъмин нестанд.
“Дар 4 соли охир шумораи МТО ба 47 адад афзуд. Лекин дар 85 хонаи толибилмони пойтахт танҳо 13 фоизи ҷавонон таъминанд.
Ё ин ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки 18000 донишҷӯ таълим мегирад, танҳо хобгоҳи дорои 1600 ҷой мавҷуд” гуфтааст Шавкат Мирзиёев.
Барои ҳамин, дар муддати як моҳ дастури дар солҳои 2021-2023 бунёди хонаҳои толибилмон кор карда шуда, ба Ҳукумат ворид шуданаш муайян гардид. Инчунин, таъкид гардид, ки хонаҳои толибилмонро ба тарзи дар як хона 4 нафарро ҷойгир кунондан сохтан лозим.
Ба ин ҷонишини Сарвазир Беҳзод Мусаев, вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус Абдуқодир Тошқулов ва вазири молия Тимур Ишметов масъул шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ