Меъмори бузурги давлати бузург

Имрӯзҳо дар доираи ҳафтаинаи истиқболи 83-юмин солгарди зодрӯзи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки аз 25-уми январ оғоз гардид, дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ, шомҳои хотиравӣ, вохӯриҳо, ҷамъомад ва намоишгоҳҳо доир мегарданд.
Яке аз чунин тадбирҳо дар шакли наомишгоҳи сайёр дар мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Тайлоқ таҳти мавзӯи “Меъмори бузурги давлати бузург” гузаронида шуд.
Дар намоишгоҳ, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат аз 25-уми январи соли 2017 «Дар бораи абадигардонии хотираи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» аз тарафи Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд ташкил гардид, беш аз сад фотолавҳаҳо, инчунин, зиёда аз 10-то асарҳо ба намоиш гузошта шуд.
Аксҳои намоишгоҳ ба хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Президенти аввалинамон Ислом Каримов, роҳи тайнамудаи роҳбари давлат аз давраи хонандагӣ то раисҷумҳурӣ, дастовардҳо, замони дар Қашқадарё пахта чидан, нутқ дар Созмони Милали Муттаҳид, иштироки ӯ дар раванди барқарорсозии обидаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Инчунин, дар музей-мамнуъгоҳи давлатии Самарқанд рӯзҳои 1-15-уми феврал намоишгоҳи корҳои эҷодии мусаввирон дар бораи Самарқнад таҳти унвони «Самарқанд дар асарҳои рангтасвир» доир мегардад. Ғайр аз ин, рӯзҳои 1-13-уми феврал намоишгоҳи «Бобур — шоҳ ва шоир» ташкил мегардад, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Заҳириддин Муҳаммад Бобур маълумот медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ