Мутахассисони Олмон: Ваксинаҳои AstraZeneca барои пиронсолон мувофиқ нест


Комиссияи STIKO-и донишгоҳи Роберт Кохи Олмон чунин меҳисобанд, ки ваксинаи зидди коронавируси ширкати AstraZeneca барои одамони аз 18 то 64-сола самарбахш аст ва барои пиронсолон мувофиқ нест.
Дар ин бора шабакаи телевизионии ARD хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки барои самарбахш будани ин ваксина ба одамони синнашон боло аз 65 ҳанӯз маълумот кофӣ нест.
Дар зимн, ширкати AstraZeneca бесамар будани ваксинаҳои худро барои пиронсолон рад кард.
Бояд гуфт, ки Агентии доруҳои Аврупо рӯзи ҷумъа дар бораи иҷозат додан, ё надодан ба фурӯши ваксинаи AstraZeneca дар Аврупо қарор қабул мекунад.
Чанде пеш расонаҳо низ бобати таъсир накардани ваксинаҳои ин ширкат ба пиронсолон хабарҳо дода буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ